Activities calendar

29 июни 2018

Озмуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои интихоби ширкатҳои машваратӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби ширкати машваратӣ ҷиҳати иҷрои  шартномаи “Татбиқи чораҳо оид ба идораи  хатари офатҳои табиӣ дар муассисаҳои давлатӣ” (NDRMP-Cons-01) дар доираи лоиҳаи Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ озмун эълон мекунад. 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 29-уми июли соли 2018.

Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ 26 ирсол намоед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои интихоби ширкати машваратӣ озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби ширкати машваратӣ ҷиҳати иҷрои муоҳадаи “Таҳкими зарфиятҳо оид ба идораи офатҳои табиӣ ва коҳиши мизони талафот”   (NDRMP-Cons-02) дар доира лоиҳаи муштарак бо Бонки осиёии рушд оид ба идораи хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ озмун эълон мекунад.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 29-уми июли соли 2018.

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Платформаи минтақавии коҳиши хатари офатҳо

Аз 26 то 27-уми июни соли 2018 дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван ҷаласаи Платформаи дуюми минтақаи Марказӣ-Осиёӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М. Салимзода ширкат намуд.
Зимни суханронии худ М.Салимзода ба ширкаткунандагон

Ифротгарои ва терроризм-зухуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби