Activities calendar

13 июни 2018

ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Пешниҳоди «дӯстӣ», баҳсҳои мазҳабӣ – нишонаи аввали ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда буданд, ки муборизаро бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ содир мегарданд, ҷоннок намоянд.

Чанд моҳи охир паҳншавии маълумоти дурӯғ ва дастраси дигарон гардидани маълумоти шахсии корбарон дар Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавзӯи баҳси сиёсатмадорону таҳлилгарон ва коршиносон табдил ёфтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Шоҳмансур майдончаи варзишӣ сохт

Мутобиқ бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи барномаҳо оид ба зебосозии шаҳри Душанбе Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасаби 191-уми ноҳияи Шоҳмансури пойтахт маҷтамаи варзишӣ сохта ба истифода дод.