Activities calendar

02 июни 2018

Мулоқот бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

01.06.2018 12:57, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.05.2018 18:23, шаҳри Душанбе

30 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис “Дар бораи Номгӯи объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ” гузориши раиси Кумитаи

Шиногоҳи калонтарин дар шаҳри Хуҷанд оғоз ба кор кард

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ва оғози мавсими оббозӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шиногоҳи таъмиршудаву барқароршуда дар соҳили дарёи Сир аз нав ба фаъолият оғоз намуд.  Ин бузургтарин макони истироҳати тобистонаи сокинони шаҳри Хуҷанд аст, ки баъди солиёни зиёди бекорӣ дубора таъмиру тармим шуд ва дар хизмати сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ қарор гирифт.

Парлумони кишвар Созишномаҳои байниҳукуматии пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои вазъи фавқулоддаро тасвиб кард

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Туркманистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ба тасвиб расид.

Муовини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода зимни