Кӯҳпора роҳи мошингардро муваққатан баст. Сел дар деҳаи Угуки Деваштич ба заминҳои кишоварзӣ осеб расонд

Бар асари боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сел омад. Аз ҷумла, дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шуд ва муваққатан роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахшро дар километри 76 то 86 баст. Барои бартараф намудани паёмади ин офати табиӣ фавран чораҳо андешида шуданд ва бо ёрии техникаи махсус роҳ поккорӣ ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Фоҷеаҳои биологие, ки ба дасти инсон анҷом шуданд. Марги говҳои баҳрӣ

Борҳо дар ин бора навиштаем, ки мутаассифона, баъзан фаъолияти инсон муҷиби нобуд шудани бисёре аз намудҳои пистондорон гардиааст. Ба маънии дигар инсон тӯли замони пайдоиши худ сабабгори он шуда, ки бисёре аз намудҳои ҳайвонот, парандаҳо, хазандаҳо, обхокиҳо ва ғайра мавҷудияти худро дар рӯйи замин адабан қатъ кунанд.  Яке аз онҳо гови баҳрист.

Дарсҳои омӯзишӣ дар Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Колеҷи давлатии тибби шаҳри Бохтар мувофиқи нақшаи таълимӣ “Омузиши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо пешниҳоди таҷҳизотҳои махсуси наҷот, дар амал нишон додани тарзи истифодабарии таҷҳизоту лавозимотҳои замонавии наҷотдиҳи”  гузаронида шуд.

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар чанд мактаби шаҳри Турсунзода

Дар муассисаҳои таълимии МТМУ-и  №23, ва МТМУ-и №68 шаҳри Турсунзода рӯзи 03 майи соли 2021 «Рўзи мудофиаи гражданӣ» дар мавзўи «Амали ҳайати нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта (заминларзаи 6-7 балла)» ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ аз бемориҳои сироятӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабини гузаронидани корҳои наҷот...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадид ва раъду барқ дар кишвар

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми май дар як қатор ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон меборад, раъду барқ мешавад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ аз шиддати боронҳои шадид омадани сел эҳтимол дорад. Обуҳавошиносон ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мекунанд.

Страницы