Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар чанд мактаби шаҳри Турсунзода

Дар муассисаҳои таълимии МТМУ-и  №23, ва МТМУ-и №68 шаҳри Турсунзода рӯзи 03 майи соли 2021 «Рўзи мудофиаи гражданӣ» дар мавзўи «Амали ҳайати нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта (заминларзаи 6-7 балла)» ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ аз бемориҳои сироятӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабини гузаронидани корҳои наҷот, мубориза бар зидди сўхторҳо, безараргардонии сару либоси ва одамон аз моддаҳои сахтаъсири  заҳролуд, расонидани ёрии авалияи тиббӣ ба зарардидагон ва эвакуатсияи хонандагону омўзгорон амалан аз ҷониби нерўҳои ғайриҳарбии муассисаҳои номбурда иҷро карда шуд.

Инчунин дарсҳои кушод оид ба самти мудофиаи гражданӣ дар байни хонандагон гузаронида шуд.

Дар чорабиниҳои мазкур  650 хонанда, 30 нафар омўзгорон таҷрибаи назариявӣ ва амалиро аз худ намудаанд.