Аз беназоратӣ боз ду кӯдак дар об ғарқ шуд, ду хона мотамзада. ВОЛИДОН НУРИ ЧАШМОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 03/05/2021 | redaktorЯкуми майи соли равон як сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуд ва ғарқ гардид. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо ва ба волидонаш супурданд.