ЭЪЛОН: Оё шумо мехоҳед дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии ВҲФ Русия таҳсил кунед?
Чоп шуд: 19/04/2021 | adminМуҳтарам хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабони таҳсил дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои солҳои 2021-2022 озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.