Баргузории ҷаласаи коллегияи КҲФ ҳузурӣ ва онлайн

Зарфи се моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва рӯйдодҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Ин ҳодисаҳо ба боронҳои пуршиддат, лағзиши тармаву ярч ва резиши санг алоқаманд буданд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.

Хатари киштиҳои ғарқшудаи ҳарбӣ барои обҳои олам

Беш аз 6 ҳазор киштиҳои ҳарбӣ ва борбар, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар нукоти гуногуни олам ғарқ шудаанд, имрӯз ҳам барои муҳити атроф хатар доранд. Бино ба  маълумоти коршиносон то ба имрӯз 6338 адад ин гуна киштиҳо дар умқи уқёнусу баҳрҳо дида шудаанд, ки аксари онҳо киштиҳои ҷангӣ буданд ва ё бору коло ва муҳимоти ҷангиро интиқол медоданд.

Кормандони дастгоҳи марказии Кумита бори дигар ба рияои қатъии интизоми ҳарбиву корӣ ва ҳисси масъулият ба кор даъват шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои ҳаррӯза, барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули коллективизм корҳои зиёде ба анҷом расонда мешавад.

Ташкил ва роҳандозии ин гуна корҳо дар назорати махсуси Кумита қарор дорад. Вазифаи асосӣ гузаронидани корҳои пешгирикунанда миёни кормандони...

Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳру навоҳии кишвар

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар ташкилоту муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ташаккул ва такмили малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ...

Кормандони Раёсати КҲФ дар Суғд аз китобхонаи вилоятии ба номи Асирӣ дидан карданд

9 апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ боздид намуданд.

Ҷонишини директори китобхонаи мазкур дар умури корҳои илмӣ-методӣ Мавзуна Ҳамробоева  ба ҳайати шахсии Раёсат...

Страницы