КҲФ: То охири ҳафта ҳавои номусоид боқӣ мемонад. АЗ ХАТАРИ ТАРМАВУ РЕЗИШИ САНГ ВА СЕЛ ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Комитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то поёни ҳафтаи ҷорӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Ба ноҳияҳои кӯҳии кишвар бориши барфу борон дар назар аст.

Омӯзиши «Системаи идорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” дар Раёсати Хатлон

Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши «Системаи идорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда» ва омўзиши «Посухдиҳандагони аввалин дар ҳолати таҷилӣ»-ро бо хизматчиёни ҳарбии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ кард.

Ситоди ҷумҳуриявӣ реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои пешгирӣ аз сирояти COVID-19 – ро бекор кард

Аз 15 марти соли 2022  фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора имрӯз қарори дахлдори Cитоди...

Дарси омӯзишӣ дар Раёсати Хатлон

Аз 28 феврали соли 2022 вобаста ба иҷрои Нақшаи якҷоя бо Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх давраи омўзишӣ дар мавзуи «Кор бо ҷасадҳо» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гузаронида шуд.

  Дар ин чорабини мазкур ҳайати шахсии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва афсарони шуъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

Барфу борону тарма...Воқеъияти имрӯз дар роҳҳои кӯҳии кишвар. КҲФ ҳушдор медиҳад: Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Борону барф ба ҳам меборанд, гоҳ яке аз дигаре пуршиддаттар, мисли он ки сабқат мекунанд. манзараи шабонарӯзи гузашта дар навоҳии кӯҳӣ тақрибан ҳамин буд. Оби борон ба сони як сели пурваҳшат сатҳи оби рӯдхонаву каналу обанбору кӯлҳоро боло мебарад. Дар роҳҳои кӯҳӣ аз қуллаҳои баланд барфтӯдаҳо сарозер мешаванд, тарма роҳҳоро муваққатан мебандад ва ҳолате ҳам буд, ки тарма маҷрои оби дарёро ҳам баст.

Страницы