Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушӣ задаи худро наҷот дод, вале худ ғарқ шуд

Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.

Торнадои пурқудрат дар ғарби Олмон харобиҳои зиёд ба бор овард

Бино ба гузоришҳои расмӣ бар асари торнадои пурқудрат дар ғарби Олмон 43 нафар зарар диданд ва ин офати табиӣ харобиҳои зиёде ба бор овард.

Пулиси минтақа хабар дод, ки ин торнадо боиси барканда шудани болопӯши хонаҳои зиёд шуд, шикастапораҳои сохтмонҳои нотамомро ба дуриҳо партоб кард. 10 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд ва вазъи саломатии як хонум хеле бад гузориш шудааст.  

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Вахш

Бо мақсади иҷрои Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ, вокуниш ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2022 ва дастури Раиси вилояти Хатлон “Дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷишҳо ва омӯзишҳои маҷмуъии мудофиаи гражданӣ” аз 16 то 18 майи соли 2022 дар қаламрави ноҳияи Вахши вилояти Хатлон кормандони

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки 22-уми майи соли равон ва шаби 23-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ бориши боронҳои шадиду раъду...

Хабарҳои рӯзи гузашта. Вазиши боди харобкор дар қарамрави кишвар. Боронҳои пуршиддан ва сел дар қаламрави Суғд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид ба қайд гирифта шуд ва бегоҳӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое назири шикастани дарахтон ва бардошта шудани боми хонаҳо аз боди сахт хабар расид.

Аз ҷумла 19 май соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар наздикии бинои ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат...

Страницы