Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Сӯхтор дар калонтарин ва яке аз қадимитарин меҳмонхонаҳои Лондон

Дар маркази Лондон-пойтахти Британияи Кабир яке аз биноҳое хушсохте, ки 115 сол пеш бино шуда буд, оташ гирифтааст. Дар ин бино меҳмонҳонаи панҷситораи машҳури Mandarin Oriental ҷойгир аст ва мақомот гуфтаанд, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш таъмири кулии ин меҳмонхонаро ба анҷом расонида буданд. Иллати сӯхтор эълон нашудааст.

Сӯхтори азим дар пойтахти Британияи Кабир яке аз бузургтарин ва қадимитарин меҳмонхонаҳои шаҳр Mandarin Oriental-ро фаро гирифт. Хабари сӯхтор ба мақомот соати 16:00 расид ва дар кутоҳтарин фурсат 20 мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва 120 корманди он ба ҷойи ҳодиса расиданд. 

Бино ба гузориши BBC то ин замон дар бораи қурбониён ва мизони зарари расида иттилои дақиқ нарасидааст. Ҳаракати мошинҳо дар кӯчаҳое, ки ба самти ин бино мебаранд, қатъ шудааст.

Бинои  Mandarin Oriental пештар аз ҷониби хонаводаи шоҳаншоҳии Британия истифода мешуд. Сол 2011 Елизаветаи II дар ҳамин меҳмонхона чорабиниҳои қабл аз идивоҷии шоҳзода Уилям ва Кейт Миддлтонро гузаронида буд. 

Сомонаи меҳмонхона ахиран навишт, ки ҳамагӣ ҳафтае қабл дар ин бинои қадимии 115-сола таъмири фарогир анҷом шуда буд. Маъмурият Mandarin Oriental-ро яке аз беҳтарин меҳмонхонаҳои олам медонад. 

Маврид ба ёдоварист, ки тобистони соли гузашта дар Лондон бинои баландошёнаи Grenfell Tower оташ гирифта буд. Сабаби сӯхтор дар ин бинои 24-ошёна сӯхтани яхдон дар яке аз хонаҳои он эълон шуда буд. 

Он замон гуфта мешуд, ки бар асари ин сӯхтор бештар аз 80 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

 

барчасп: