Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Боронҳои шадид ва харобиовар дар Лахш

Боронҳои шадиди харобиовар идома доранд ва мисоли тозаи он борони ахир дар минтақаи Лахш аст, ки ҳарчанд хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт, вале тавонист роҳҳоро хароб кунад, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинонро бо об пӯшонад ва ба иншоотҳо зарар расонад.

5 – уми июни соли 2018 бар асари боронҳои шадид дар деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қушағбаи ноҳияи Лахш сел омад ва 20-25 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кард.

Як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ иншооти ёрирасони дигар қисман хароб шуданд.

Хонаҳои истиқоматӣ зарар надиданд. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт. 

Лойоба дар километрҳои 250-253 роҳи мошингарди Ваҳдат-Лахш-Саритош муддате роҳро масдуд кард. Барои тоза кардани роҳ техникаи махсус сафарбар карда шуд ва дар айни замон роҳ пурра тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гиифта шудааст. 

Барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида дар маҳалли офат Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият мекунад.

барчасп: