Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Муроҷиати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бо боло рафтани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор буд. Дар назди махзанҳои об, бахусус рӯдхонаву кӯлҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намуд. 

Барои рух надодани ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозӣ тавсия медиҳем, ки қоидаҳои зерини бехатарӣ ва таъминкунандаи амният риоя карда шаванд:

- пеш аз ба об ворид шудан, зарур аст ба худ ва бачаҳои худ камзӯлчањои наҷотдињї пӯшонед. Аз истифодаи камзӯлчањои пенопластӣ ва ё бозичањо барои оббозї худдорї  намоед.

- дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;

- дар об саргарми ҳар гуна бозиҳои аз дасту пой доштан ва ҳаракатро маҳдуд сохтан  нашавед;

- ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзед ва ҳангоми дар наздикии об будан онњоро беназорат нагузоред;

- дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;

- дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва ин гуна аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед.

Машварат оид ба рафтори одам дар об

- агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, то метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед; 

- дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;

- агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар руи об истироҳат кунед, барои ин  бозувон ва пойҳоятонро љафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;

- агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;

- агар шумо дар ҷараёни об мондед, диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед;

Ҳангоми расонидани ёрии аввал зарур аст:

1. Ҷабрдидаро сар ба поён кунед. Даҳонашро пок карда, то решаи забонаш фишор оред. Дар сурати пайдо шудани рефлексҳои қайъкунӣ ва сулфа кӯшиш намоед, ки об аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда пурра  холӣ шавад.

2. Агар ҳаракати қайъкунӣ ва нишоне аз нафаскашӣ пайдо нашуд, пас ӯро ба пушт хобонед ва бо маҳси қафаси дил нафаси сунъӣ диҳед. Бо дидани нишоне аз ҳаёт рӯи ӯро поин оварда, оби ҷамъшударо аз ишкам ва меъда бо роњи мањси ќафаси сина ва ишкам берун бароред.

3. “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намоед.

Агар худ ғарқ мешавӣ:

1. Ба воҳима дода нашав!

2. Барои он ки аз оби воридшуда ба роҳҳои нафаскашӣ худро халос кунӣ, бояд фавран дар ҷойе қарор гирифт ва бо ҳаракати дасту пой худро дар болои об нигоҳ дошт ва сарро то ҳадде боло карда, сахт бояд сулфид.


Маслиҳатҳо ба ҳолатҳои  ниҳоӣ:

1. Вақте ба мавҷи тез меафтед, набояд зидди он ҳаракат кунед, балки нафаскаширо қатъ накарда, бо ҷараёни он ба самти соҳил ҳаркат намоед.
 2. Дар гирдоб афтода, бояд бештар шуши худро аз ҳаво пур кунед, бо ҷаҳиш ба як сӯ, болои об ҳаракат намоед.

3. Дар мавҷи об шино карда, ба нафасгирии худ таваҷҷӯҳ намоед. Вақте ба муқобили мавҷи об шино мекунед, бояд оромона болои мавҷ баромада, баробари он ҳаракат кунед.    

Нишонаҳои ғарқшавӣ инњо мебошанд:

  • омадани кафк аз даҳон;
  • аз нафаскашӣ бозмондан;
  • баста шудани роҳҳои нафаскашӣ;
  • кабуд шудани пӯст;
  • васеъ гаштани мардумаки чашм.

Шаҳрвандони гиромӣ!

Хеле эҳтиёткор бошед, ҳаёти худро ба дасти ҳаводиси нохуш насупоред!

Агар дидед, ки инсон ғарқ мешавад, ба сӯяш ягон ашёи шинокунандаро ҳаво диҳед, вайро рӯҳбаланд созед, дигаронро ба ёрӣ даъват намоед!

Ба назди ҷабрдида расида, ҷараёни дарёро ба ҳисоб гиред,
агар ғарқшаванда амалҳои худро назорат карда натавонад, аз ақибаш ба вай наздик шавед, ӯро аз мӯйҳои сараш доред ва ба самти соҳил кашед.