Парлумони кишвар Созишномаҳои байниҳукуматии пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои вазъи фавқулоддаро тасвиб кард

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Туркманистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ба тасвиб расид.

Муовини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода зимни суханронии худ дар назди вакилони халқ қайд кард, ки имзои созишномаҳои ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда бешак дар ҳамоҳангсозиҳои фаъолияти идораҳои наҷоти кишварҳо такони тозае хоҳад буд.

барчасп: