Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Маросими савгандёдкунии наваскарон

24 майи соли равон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди ҳарбии навдаъватшудагони даъвати баҳорӣ гузаронида шуд. Дар маросими идона Сардори Раёсати қушунҳо полковник Сафаров Ю., раиси Шӯрои собиқадорони Кумита генерал-майор Орифов Б., муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳринав Исмоилзода Дилшод, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳринав Ањмедова Саитой намояндагони комиссирияти ҳарбӣ, волидони сарбозон, мактаббачагони мактаби таҳсилоти миёна ва меҳмонони зиёд ширкат карданд.

Ба наваскарон сардори Раёсати қушунҳо муроҷиат кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки ин ҷавонон хушбахттарин нафароне мебошанд, зеро дар даврони Истиқлояти кишвар хизмати ҳарбӣ менамоянд ва ҳама шароитҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон омода гардидааст, зеро хизмати модар-Ватан ин қарзи ҳар як ҷавонмарди ин сарзамин аст. “Имруз, ки савганд ёд кардед ба савганди худ содиқ бимонед. Аз ин рӯ ба ҳамаи нафароне, ки ҳоло дар саф қарор доранд, муроҷиат мекунам, ки хизмат барои ҳар яки Шумо танҳо ҳисси ифтихор ва иҷрои бошарафонаи он дар назди Ватан ва қарзи Ватан буда бошад”- изҳор намуд ӯ.

Сипас муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳринав Исмоилзода Дилшод аз ҳамкории хубашон бо қисмҳои низомии Кумита ибрози назар карда, аз ҷумла гуфт: “Савганд ин оғозӣ хизмати ҳарбист. Аз ҳамин лаҳзаҳо Шумо мардони ҳақиқиед. Бароятон шарафи хизмат ба Ватанро таманно дорам”. Мактаббачагоне, ки дар ин чорабинӣ иштирок доштанд, тавсияи хизмат дар сафи қушунҳои мудофиаи гражданиро доданд.

Умуман ҳар яке аз иштирокчии ин чорабинӣ зимни суханронияшон нисбат ба солҳои қаблӣ ихтиёри ҷалб гардидани ҷавонон ба Артиши Миллӣ ёдовар гардиданд.

Ҳамаи пайвандону наздикони наваскарон имкон доштанд, ки бо базаи таълимию моддии қисми ҳарбӣ, шароити маишӣ ва хизматии он аз наздик шинос шаванд.

Дар қисмати ниҳоии маросими савганди ҳарбӣ афсарон ва сарбозоне, ки дар хизмат фаъол буданд бо раҳматнома, ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Сипас кормандони шуъбаи фарҳангӣ ноҳияи Шаҳринав бо шеъру суруд табьи ҳозиринро болида гардониданд.

барчасп: