Сарбози наҷот

Ғаввосӣ. Барои наҷоти ҷоне, бояд ҷон дар каф гирифт

Шояд бисёриҳо кори наҷотбахшону ғаввосонро саҳлу осон пиндоранд. Аммо, дар асл чунин нест. Барои баъзеҳо ҳатто дар болои об шино кардан орзуи ҳамешагист. Аммо, ғаввосон ҳаёти худро зери хатар гузошта, аз қаъри об инсонро гоҳе зиндаву гоҳе беҷон берун меоранд. Ин касб хеле мушкилу хатарнок аст.  

Баробари оғози фасли гармо ва мавсими шиноварӣ

Маросими савгандёдкунии наваскарон

24 майи соли равон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди ҳарбии навдаъватшудагони даъвати баҳорӣ гузаронида шуд. Дар маросими идона Сардори Раёсати қушунҳо полковник Сафаров Ю., раиси Шӯрои собиқадорони Кумита генерал-майор Орифов Б., муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳринав Исмоилзода Дилшод, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳринав

Наҷоти “кӯҳнавард” дар Хатлон

Кӯҳнавардӣ ҳам дарси маҳорат дорад, вале баъзе касон гумон мекунанд доштани қувваву неру басанда аст, ки ба сахраҳои азим боло шаванд ва қуллаи пеши рӯро фатҳ кунанд. Сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён низ кӯҳбароиро саҳл мепиндошт, вале чун боло шуд, ба ҷойе расид, ки на маҷоли боло рафтан дошт ва на ҷуръати поин омадан. Ва агар телефони мобилиашро бо худ намедошт, кӣ медонад ҳолат чӣ мешуд.

Боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни боздидаш аз қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шароити хизмати сарбозон ва ба вижа наваскарон аз наздик ошно шуд, ба сатҳи маълумот, вазъи оилавии наваскарон мароқ зоҳир кард ва аз командирон талаб намуд, ки ба рафторҳои ғайринизомномавӣ дар қисмњои ҳарбӣ роҳ надиҳанд ва аз зертобеъони худ риояи қатъии интизоми ҳарбиро талаб намоянд.

Страницы