Activities calendar

10 майи 2018

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

9 майи соли 2018 соати 15:41 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 275 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буда, қувваи заминларза дар марказ 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод. Бар асари заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

Танҳо дар иншоотҳои ёрирасони ноҳияҳое, ки дар наздикии маркази заминларза қарор доранд, таркишҳои на он қадар калон ба назар мерасанд.

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон