Давраҳои омӯзишии корҳои зиддижола дар КҲФ

Дар остонаи мавсими нави киштукор ва бо мақсади такмили ихтисоси кормандон дар Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои омӯзишии навбатӣ баргузор шуданд.

Мутахассисони соҳибтаҷриба дар ҷараёни ин курсҳои омӯзишӣ кормандони ҷавонро дарси маҳорат омӯхтанд, онҳоро бо талаботҳо ва ташкили ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз жола, бо мушоҳидаҳои радиолакатсионӣ, шинохти объектҳои таъсир, гузаронидани амалиётҳо оид ба бартараф намудани хатари абрҳои жоладор, ҳамчунин ҳуҷҷатикунонии маводҳои таъсирашон фаъол дар равандҳои жоларо омӯзониданд. 

Ин дарсҳо дар шакли лексияҳо бо истифода аз асбобҳои аёнӣ гузаштанд. Ҳар шунаванда имкон дошт посухҳои дақиқ дар самти фаъолияти худ дарёфт кунад.

 

барчасп: