Activities calendar

15 феврали 2019

Кумита дар чаҳорчубаи лоиҳаи муштарак барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак бо Бонки Рушди Осиё оид ба идоракунии хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадон чунин мешаванд: кормандон бояд ҳадди аққал дараҷаи бакалавр ва таҷрибаи корӣ дар як лоиҳаро дошта бошанд. Фаъолият дар яке аз лоиҳаҳои Бонки Рушди Осиё  афзалиятнок ҳисобида мешавад. Кормандон таҳти назорати роҳбари лоиҳаи Гуруҳ  кор мекунанд. Донистани забони  англисӣ талаб карда мешавад.

Вазъи роҳҳо барои 15 феврали соли 2019

Тавре ки қаблан хабар дода будем, дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Рашт - Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, инчунин дар ағбаи Қизил-Арт ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ  душворгузар буд.

15-уми феврали соли 2019 соати  05:40  субҳ дар қисмати роҳи автомобилгарди  Дарвоз-Ванҷ дар наздикии деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз тармафароӣ ба қайд гирифта шуда буд. Айни замон роҳи Дарвоз-Ванҷ пурра тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ оғоз ёфтааст.