Activities calendar

05 феврали 2019

Мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси суди ҳарбӣ ва прокурори ҳарбии вилоят

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон,  подполковники адлия Ҳамзазода Т. ва прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар полковники адлия Юсуфзода А. баргузор гардид. Мавзуъи суҳбат “Пешгирии вайрон намудани қонуну қарорҳои амалкунандаи соҳавӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ” буд.

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Бориши шадиди барфу борон то 6-уми феврал идома мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии кишвар ва меҳмонони олиқадри онро огоҳ мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ба дилхоҳ манотиқи кишвар худдорӣ намоянд ва ё агар зарур аст, ки раванд, пас бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ то 6 феврал дар

Қурбониёни сарбанди рахнашуда дар Бразилия ба 134 нафар расид

Бар асари рахна шудани сарбанд дар иёлоти бразилии Минас-Жерайс 134 нафар ба ҳалокат расиданд ва 199 нафари дигар бенишон гум шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд теъдоди кушташудагон ҳамвора рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин пештар аз бенишон шудани бештар аз 200 тан хабар дода мешуд.

 Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии G1 то кунун ҷасади 120