Activities calendar

18 феврали 2019

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зани 45-солаеро аз мавҷи хурӯшони оби сарди дарё наҷот доданд

Зане, ки бо сабабҳои номаълум худро дар коми дарёи “Душанбе” ҳаво дод, 45 сол дошт. Агар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе сари вақт намерасиданд, оби сарди хурӯшон вайро нобуд мекард.

18 феврали соли 2019 ба қисми навбатдории дастаи вокуниши сареъи шаҳри Душанбе хабар расид, ки зани

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Элок

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиш додани офатҳои табиӣ пеш аз мавсими селу обхезӣ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ - деҳаҳои Шафақ, Комсомол ва Адолат бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва истифода аз 3 адад техникаҳои пуриқтидор корҳои тозакунии соҳилҳои дарёи Элокро ташкил ва баргузор намуданд.

Пирӯзии варзишкорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мусобиқоти варзишӣ

Як афсар ва як сарбози қатории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ширкат дар мусобиқоти варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиаи кишвар дар риштаи ҷудо ҷойи аввалро соҳиб шуданд ва ду хизматчии ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита дар водии Рашт дар вазни худ шоистаи ҷойи дуюм гаштанд.

Дар қаламрави мамлакат миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқоти ҳарбӣ-варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ташкилшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. 

Курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мудофиаи граждании вазорату идораҳои кишвар

Дар асоси Нақшаи пуррагардонии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, инчунин дар доираи татбиқи Нақша чоранибиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар  Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита машғулиятҳои таълимии 21-соата барои 22 кормандони мудофиаи