Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Киштии боркаши “Волга-Балт” дар соҳилҳои Туркия ғарқи об шуд

Дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи қаламрави Туркия киштии боркаш дар об ғарқ шуд. Ин киштӣ, ки «Волга-Балт» номида мешавад, бо парчами Панама дар ҳоли ҳаракат буд. Хабари ғарқи об шудани киштиро хадамоти матбуотии ҳокими вилояти Самсуни Туркия расонаӣ кард.

Гуфта мешавад, ки «Волга-Балт» наздикии соати ҳашти субҳи рӯзи гузашта бонги хатар зада буд. Ҳангоми фалокат ин киштӣ дар 130 километрии бандари Самсун қарор дошт. Ба ҷойи ҳодиса чархболҳо ва киштиҳои наҷот расиданд. 

Бино ба хабари агентии иттилоотии  Anadolu дар киштӣ 13 нафар ҳайати идорӣ, 9 нафар шаҳрвандони Украина, ду шаҳрванди Озарбойҷон ва ду нафар аз Русия ҳузур доштанд.

Дар амалиёти наҷот муяссар шуд, ки 7 нафар наҷот дода шаванд ва боқӣ сарнишинони он ба ҳалокат расиданд, хабар дод волии вилояти Самсун Усман Каймак.

Баъдтар сарвари дафтари матбуотии сафорати Федератсияи Русия дар Туркия Ирина Қосимова ба хабаргузории ТААС иттилоъ додааст, ки дар ин киштӣ шаҳрвандони Русия набуданд. 

«Бино ба маълумоти хадамоти амниятии соҳилҳои Самсун дар миёни 13 узви ҳайати идории киштӣ шаҳрвандони Русия нестанд. Хабари расонаҳо дар мавриди ҳузури ду табаъаи Русия дар киштӣ исбот нашуд. Тибқи охирин хабар дар ин киштӣ 11 шаҳрванди Украина ва ду нафар аз Озарбойҷон ҳузур доштанд”,-гуфтааст Ирина Қосимова.

барчасп: