Activities calendar

29 январи 2019

Давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони ҷавони хадамоти зидди жола

Бо мақсади омӯзиш ва бозомӯзии кормандони хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои нави омӯзишии такмили ихтисос шуруъ гаштанд.

Коршиносону мутахассисони пешрави ин соҳа кормандони ҷавонро бо низоми ташкил ва гузаронидани зироатҳои кишоварзӣ аз жола бо усули назорати радиолакатсионӣ, шинохти объекстҳои таъсир, гузаронидани амалиётҳои дигари зидди жола омӯзиш медиҳанд.  

Наҷоти бонуи ҷавоне, ки худро дар дарёи Сир андохта буд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бонуи ҷавонеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз хатар наҷот доданд. Ин бону рӯзе қабл худро мехост дар дарёи Сир ҳаво диҳад ва ҷони ҷавонашро қурбон кунад. 

Ин ҳодисаи нохӯш бегоҳирӯзии 28-январ рух дод.

Тағйири обу ҳаво дар кишвар: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйири вазъи ҳаво дар кишвар дар охирин рӯзҳои моҳи январ хабар дод. Бино ба иттилоъи манбаъ рӯзҳои  30 - 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, барфу боронҳои шадид меборанд. Дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меояд, ҳаво сардтар аз имрӯз мешавад. Бахусус, рӯзи 30 январ дар аксар қаламрави кишвар боришоти сахт интизор меравад. Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад.