Activities calendar

25 январи 2019

Омӯзишҳои амалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар Бадахшон

Дар рӯзҳое, ки барфи шадид меборид ва аз лағзиши тарма роҳҳо дар баъзе минтақаҳои ВМКБ баста мешуданд, дар баробари кумак ба дармондагону ёрӣ барои раҳоӣ аз бунбастҳо ва поккории роҳҳо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят ба омӯзишҳои амалӣ низ пардохтанд. Мавзуъи ин омӯзишҳо мутобиқ ба ҳамин рӯйдодҳо буд ва вокуниш ба офатҳои табииро назариявӣ ва амалӣ меомӯхт.

Роҳи баста намонд, мошинҳо дар ҳама роҳҳову шоҳҳроҳҳо бе мамониат равуо дорад

Чӣ рӯзе буд дирӯз? Пур аз ҳаводис ва гоҳ хабари шоде ба домон дошту гоҳи дигар хабари нохуш. Мисли зиндагии ҳар рӯзи инсон. Рӯзҳо худ пораи зиндагии башаранд ва мисли инсон гоҳ паёми шодӣ меоранд ва гоҳе хабари ғамбор.

Ҳоло аз хабарҳои хуш оғоз кунем.

Аз соати 15:20 дақиқаи рӯзи 24 январи соли равон роҳи

Машғулиятҳои таълимӣ барои сардорони мудофиаи гражданӣ

Омӯзишу парвариш бахши муҳим дар фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи барномаҳои зиёде, ки тарҳрезӣ шудаанд, мутахассисон, масъулин омӯзиш мебинанд. Маъмулан ин омӯзишҳо ҳам амалианд ва ҳам назариявӣ.
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумита озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё  оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ барои харидории таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётӣ дар асоси усули “шоппинг” озмун эълон мекунад. 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 8-уми феврали соли 2019.
Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри