Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Activities calendar

16 январи 2019

Маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба ҳолати роҳҳои ҷумҳурӣ то соати 17:00-и рӯзи 16 январи соли 2019

Рӯзҳои 15-16 феврали соли 2019 боришоти пайваста дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб ва Рашт- Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистон сабабгори лағзиши тарма шуданд. Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад.

Хатари барфу борони пуршиддат ва лағзиши тармаву санг рафъ нашудааст

Бориши барфу борон дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамоно идома дорад. Хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Муттаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафтаву ҷони худро дар хатар меандозанд. Рӯзи 20-уми январ дар кишвар ҳаво пурбориштар мешавад ва борону барфи омехта метавонанд ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкилтар созанд.

Ҳалокати ду нафар бар асари лағзиши тарма. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: ҲУШЁР БОШЕД!

Тарма ду нафарро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба комаш кашид. Онҳо ҳушдорҳоро нодида гирифтанд ва дар ҳамин ҳавои сарду боронӣ кӯҳ рафтанд, то ҳезум ҷамъ оваранд. Хатари лағзиши тарма дар кулли роҳҳои кӯҳии кишвар боқист. Танҳо эҳтиёт аст, ки инсонҳоро аз хатар наҷот медиҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандон боз ҳам эҳтиёткор бошанд.