Activities calendar

21 июли 2023

Корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои минтақаи Тоҷикобод

Корманди шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамроҳ бо кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, прокуратура, шуъбаи кор бо занон ва оила ва шуъбаи маориф дар соҳилҳои оби ноҳия бо истироҳаткунандагон вохӯрданд. Мутахассисон миёни мардум корҳои таблиғотӣ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатар дар обҳо бурданд.

Роҳандозии ду амалиёти наҷот дар кӯҳҳои Лахш ва ВМКБ. Имдодгарон як кӯҳгарди маҷруҳро пайдо карданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти шаҳрвандони хориҷие роҳандозӣ мекунанд, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар Лахш ва ВМКБ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Ҳодисаи аввал рӯзи 19 июли соли 2023 тахминан соати...

Курси омӯзишӣ барои сардорони Шуъба ва бахшҳои кадрии ҷузъу томҳо

Бо мақсади тақвият додани донишу малака ва расонидани ёрии амалӣ ба масъулини кадрии ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи омӯзишӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси фармоиши Раиси Кумита, 20 июли соли 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита  курси омӯзишӣ гузаронида шуд.