Activities calendar

03 июли 2023

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пурчанг ва омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

ҳавои пурчанг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-5 июли соли 2023  бар асари боди шадиде, ки аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 13-18 м/с хоҳад вазид, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.

Наҷот се нафар дар рӯди Сир, ки дар ҷойи мамнуъ оббозӣ мекарданд. Яке 29 сол дошт, дуи дигар ҳамагӣ 13 сол

тонущий человек

Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои зиёдеро дар заминаи пешгирии марги одамон дар обҳоро анҷом медиҳанд. Онҳо ҳамарӯза бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ бо одамон ҳамсуҳбат мешаванд. Ҳамзамон дар тафреҳгоҳҳои соҳилҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву