Activities calendar

12 июли 2023

Ҳушдори КҲФ: хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-17 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу ғарб (бо суръати 20-25 м/с) ва рӯзҳои 15-17 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои пурчангу ғубор дар назар дошта шудааст.

Раиси КҲФ Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

12 июли соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои рушди