Ахбори рӯз

КҲФ: Хатари омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар боқӣ мемонад

Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Мехоҳед дар Белорусия таҳсил кунед? Пас ба ин эълони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷуҳ кунед:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабон ба Донишгоҳи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Белорус барои солҳои таҳсили 2023-2024  озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Касоне, ки пазируфта мешаванд, бо ҷойи...

КҲФ: Рӯзҳои 12-13 август хатари омадани селҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 12-13 августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуи ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Наҷот саге, ки миёни дарё монда буд

11 августи соли 2023 соати 10:06 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди рӯди “Душанбе”, дар он минтақае, ки аз қаламрави кӯчаи Саъдии Шерозӣ убур мекунад, дар як тахтасанг саге дармондаву наметавонад худро раҳо кунад.

Хабарҳои рӯзи гузашта. Боз кардани дари баста ва наҷоти як ҷавон аз дар лифти харобшуда

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари бастаеро боз карданд, ки дар дохили он хона духтарчаи дусола танҳо монда буд.

Соати 14:51 дақиқаи рӯзи гузашта як сокини кӯчаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумита...

Страницы