Ахбори рӯз

Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо мақсади бартарафсозии паёмадҳои сели харобкор корҳои зерин анҷом дода шуданд:

Барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар...

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (ВИДЕО)

Зарфи шаш моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 (соли 2022 – 607) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонд.   Ба асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 км роҳи мошингард зарар дид.

Наҷоти писарбачаи 12-сола дар “Баҳри тоҷик”, ки дар макони мамнуъ шиноварӣ мекард

3 августи соли 2023 ҳамнгоми навбатдорӣ  дар соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” дар ҳудуди ноҳияи Гулистон имдодагарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд мушоҳида карданд, ки писарбачае дар об ғарқ мешавад. Нозир аз баландӣ чун ин ҳолатро бо дурбин дид, фавран ба гурӯҳи навбатдор фармон дод, ки ба кумак шитобанд.

Наҷотдиҳандагон басо фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҳама чораҳои наҷотро...

Паёмадҳои сели харобкор дар ноҳияи Айнӣ бартараф мешавад

сели дар ноҳияи Айнӣ

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шабонарӯзи гузашта дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ барои рафъи паёмадҳои сели харобкор корҳои зерин анҷом шуданд:

- бо ҷалби 7 адад техника ва 92 корманди корхонаҳо ва

Машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар Зафаробод

Аз  31 июл то 1 августи соли 2023 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва задани жола» гузаронида шуд.

Машқи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд...

Страницы