КҲФ: Рӯзҳои 12-13 август хатари омадани селҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 12-13 августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуи ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми гузор аз нази махзанҳои об эҳтиёт кунанд, беҳтар мебуд агар дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳои минтақаҳои ёдшуда худдорӣ намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт кунанд, дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои дорувору, алаф ва ҳезум, шикор ва моҳидорӣ низ даст кашанд. 

Ғайр аз ин аз аҳолӣ бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои атрофи худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошову сангу рег тоза кунанд, то оби зиёд бемонеъа имкони гузар дошат бошад ва ба хонаву манзилу заминҳои кишти шумо ворид нашавад.

барчасп: