Давраи омӯзишии дигари мудофиаи гражданӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Нақшаи идоравии КҲФ барои соли 2021, бисту чор нафар намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар дар курси серӯзаи омӯзишии “Кормандони масъул барои хадамоти мудофиаи граждании шаҳрӣ ва ноҳиявӣ” ширкат варзиданд.

Ду тифли дигар ғарқи об шуданд ва ҳарду дар шаҳри Душанбе. Яке 12 ва дигаре 7 сол дошт. Сабаб: беназоратии волидон (ВИДЕО)

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе боз ду тифл дар об ғарқ шдуанд, ки яке 7 сол дошту дигаре 12 сол. Ин ду кӯдаки номурод аз беназоратии падарону модарон бармаҳал ва фоҷеавӣ бо ҳаёт падруд гуфтанд. Шумори кӯдакону наврасони ҳалокшуда дар об зарфи чор моҳи охир ба  11 нафар расид.

Рӯзи 6-уми майи соли 2021 соати 16:02 дақиқа...

Зарари боронҳои шадиди шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода

Дар натиҷаи боронҳои шадид дар қаламрави вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода омадани сел ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, 6-уми майи соли равон бар асари боронҳои пайдарпай аз кӯҳи Хоҷамастон об ҷорӣ шуд ва қисман ба иншоотҳои таъмини об – канали Хоҷа-Қалъаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон зарар расонд. Ғайр аз ин лойобаи азим пулеро дар роҳи мошингарди  Рӯдакӣ – Ёвон-Ҷомӣ-Уялӣ хароб намуд.

COVID-19: Марги 4 ҳазор нафар дар як рӯз дар Ҳинд

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам шабонарӯзи гузашта назар ба як рӯзи пеш 6% афзудааст ва сироятшудагон тақрибан дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 153 миллиону 954 ҳазору 491 нафар олуда ба ин вирус шудаанд ва 3 миллиону 221 ҳазору 052 нафар ҷон бохтаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА бештар аз 40 ҳазор гирифторони...

Паёмадҳои офати табиӣ бартараф мешаванд. Шарҳи хабарҳо аз боронҳои пуршиддати дирӯз

– уми майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қисматҳои ҷудогонаи кишвар сел омад, қитъаҳои наздиҳавлигии одамонро зери об кард, сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло рафт, дар баъзе аз миинтақаҳо резиши сангу рег ҳам ба қайд гирифта шуд, ки муваққатан роҳҳои мошингардро баст.

Аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи оби рӯди...

Страницы