Ифтитоҳи анбори нигаҳдории маводи ғайриғизоӣ барои зарадидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ дар Хоруғ (ВИДЕО)

16 майи соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқаӣ барои ахолие, ки дар ноҳияҳои сарҳаддии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагй мекунанд ва эҳтимол дорад дар офатҳои табиӣ зарар бинанд, ширкат намуд. Ин анбор дар ҳудуди  Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Нигаронии сарвари Кореяи Шимолӣ аз густариши коронавирус дар кишвар

Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд шумори мубталоён дар ин кишвар ба беш аз як миллион нафар расида бошад. Пхенян, ки то кунун аз авҷи ин беморӣ ҳарфе намезад, ҳафтаи гузашта аз кашфи аввалин мубталоён ба КОВИД-19 хабар дода буд.

АВТОР ФОТО,AFP
Ҳоло тибқи гузоришҳои расонаҳои давлатӣ дар пойтахти ин

Ниқобҳои пахтагиву докагӣ моро аз моддаҳои кимиёвии заҳрнок муҳофизат карда наметавонанд!

Ин суханон зимни маҳфили “Ҳаёти солим”, ки Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи Тоҷикистон ҳар моҳ роҳандозӣ мекунад, садо дод. Омода намудани воситахои  одитарини хифзи нафас, тозагии муҳити зист, саломатии одамон ва дигар масоил мавзӯи маҳфили шӯъба буд.

Дар маҳфил пополковник Мушкиниссо Халифаева, афсари

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар остонаи фасли гармо дар Хатлон. Сипоснома ба Ашӯрмаҳмад Юсупов барои наҷоти як кӯдак

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон дар остонаи фаро расидани фасли гармо ва оғози мавсими оббозӣ даст ба корҳои таблиғотӣ заданд ва мардумро аз паёмадҳои нохӯшӣ оббозӣ дар мавзеъҳои хатарнок, надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва ғайра огоҳ намуданд. Силсилаи ин гуна корҳо зарфи чанд рӯзи гузашта дар шаҳри Бохтар ба роҳ монда шуд.

Бо истифода аз таҷҳизоти таблиғотӣ, аз ҷумла баландгӯякҳо кормандон дар ҷойҳои серҷамъият бо мардум суҳбатҳо гузарониданд. 

Ду хабар аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯзи 14-уми майи соли равон як сокини кӯчаи Абдурраҳмони Ҷомӣ 30, ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ба сабабҳои номаълум таҳхонаи ин бино аз об пур шудааст.

Бо дарёфти хабар Дастаи  махсуси  зудамали  наҷот  Раёсати КҲФ дар шаҳри душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

Онҳо бо ёрии насосҳои обкашӣ оби таҳхонаро пурра кашиданд ва то соати 22:30 дақиқа ҳолати хатар дар ин бино бартараф карда шуд. 

Страницы