Боздиди як ҳайат аз Куриёи Ҷанубӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

15 августи соли равон бо ташаббуси Куриёи Ҷанубӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи низоми маориф ва  хизматрасонии ёрии фавқулоддани тиббии Куриёи Шимолӣ (KOCSOбо сарварии ҷаноби МангСаб Симомро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари Кумита дар расми ифтитоҳи мулоқот меҳмононро бо системаи давлатии...

ЧӢ БОЯД КАРД АГАР ШУМОРО ЗАНБӮР ГАЗИД...

ЗАНБӮР Ё ОРУ (лот. Anthophila) номи умумии чанд навъ ҳашароти нешдор аст, ки барои илм бо имрӯз бештар аз 22 ҳазор намуди он маълум мебошад. Ин ҳашараҳо дар кулли қаламрави Замин дида мешаванд, аммо онҳо бештар дар манотиқи тропикӣ ва субтропикӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ки аксари занбӯрҳо фоиданоканд, онҳо ҳашароти зараррасонро нобуд ва рустаниҳоро гардолуд

КҲФ: Рӯзҳои 13-14-уми август дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад ва хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд.

Чанд хабари рӯзи гузашта. Сел дар Савноб. Ду ғарқшуда дар Варзоб ва Сирдарё

11 августи соли 2022 соати  09:53 дақиқа ҳавои гарм боиси об шудани барфҳо дар кӯҳҳо шуд ва ин сабабгори он гардид, ки сатҳи об дар рӯди Бартанг дар қаламрави деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ гардад.

Тахминан соати 22:00 об аз соҳилҳои хориҷ шуд ва сели азим роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаро дар километри 156, ки аз деҳаи Савноб мегузарад, баст.

ПАЖӮҲИШ: Дар замони динозаврҳо бешаҳои тропикӣ набуданд

Афтиши як сайёраки (астероид) бузург ба Замин на танҳо динозаврҳоро ба ҳалокат расонд, балки дигар намуди организмҳои зиндаро аз миён бурд. Ин рӯйдод бино ба гуфтаи олимон 66 миллион сол пеш рух додааст. Бар асари ин ҳодиса дар рӯи Замин ҷангалҳои тропикӣ пайдо шудаанд. Донишмандон баъди кашфу омӯхтани баргҳои сангшуда ва гарду ғубор дар Колумбия ба ин натиҷа расидааст.

Страницы