Се рутбаи генералӣ, як ордени Спитамен дараҷаи 2 ва як медали Ҷасорат ба кормандони КҲФ. Ҳамкоронро муборакбод мекунем!

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд.

Ғолибони мусобиқоти варзишӣ бахшида ба солгарди Истиқлоли Тоҷикистон муайнян шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ниҳодҳои Кумита бозиҳои гуногуни варзишӣ идома доранд.

 

 

Селҳои харобкор дар Покистон. Ҳудудан ҳазор нафар ҳалок ва наздик ба 33 миллион нафар зарар диданд (ВИДЕО)

Вазири  умури иқлимии Покистон гуфтааст, ки аз се як ҳиссаи ин кишвар дар пайи  сели бесобиқа зери об мондааст. Селҳои вайронгар дар нуқоти мухталифи Покистон хонаҳо, хиёбонҳо ва ҷодаҳои зиёдеро зери об кардааст. Бино ба маълумоти Раёсати мубориза бо офатҳои табии Покистон шумори қурбониёни ин селҳо дар саросари кишвар ба беш аз 1 ҳазор нафар расидааст.

Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ховалинг

Дар асоси иҷрои банди 4, зербанди 10 –и Нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022  аз 24 то 27 августи соли 2022  дар ноҳияи Ховалинг санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда»  гузаронида  шуд.

Сеюмин шабонарӯз аст, ки дар Русия беш аз 40 ҳазор сироятшудаи нав ба COVID-19-ро ба қайд мегиранд

COVID-19

Бино ба гузоришҳои расмӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар Русия дар ҳоли афзоиши бесобиқа аст. Шабонарӯзи гузашта 46 ҳазору 452 мубталои нав ба КОВИД-19 сабт шуд. Аз моҳи марти соли равон ин аввалин бор аст, ки шумори гирифторони шабонарӯзӣ ба ин вирус аз 40 ҳазор боло меравад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки 3912 нафар дар беморхонаҳо

Страницы