Сангрезиш дар ноҳияи Рӯшон ба се хона зарар расонд

23 – уми январи соли 2023 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса се хонаи истиқоматии сокинони ин деҳа зарар диданд. Ба касе зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва зарари расидаро муайян мекнуад.

Чӣ бояд кард, то аз заҳролудӣ аз гази карбон пешгирӣ намуд?

Зимистони сарди имсола боиси он шуд, ки мардум ба шиддат дар ҷустуҷӯи манбаъҳои гармӣ шаванд. Сардии имсола тайи бештар аз даҳ соли гузашта собиқа надошт. Бахусус барфи бориза аз оғози даҳаи дуюми моҳи январ зиндагиро барои сокинон мушкил кард.

Маъмулан сокинони кишвар баъди қувваи барои гарм кардани хонаҳои худ бештар ба ҳезум ва ангишт рӯ меоранд.

Ҳалокати се нафар дар як садамаи мошин дар ноҳияи Ҳамадонӣ. Кумаки имдодгарон барои аз об пок кардани ду таҳхона дар пойтахт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо наҷотдиҳандагон ду бор бо даъвати шаҳрвандлдон аз қароргоҳи худ барои расонидани кумак берун шуданд.

Чунончӣ, 22 январи соли 2023 соати  09:23  ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки таҳхонаи гимназияи...

Чанд тавсия ба боғкорон дар фасли сард

Боғҳо ва ангурзоронро бо анҷом додани корҳои зерини агротехникӣ метавон аз сармову яхбандӣ наҷот дод:

  • каналу ҷӯйҳои обёриро миёни ҷӯяҳои боғу токзорон бояд боз кард ва об дод. Ҳарорати об баландтар аз ҳарорати ҳавост, аз ин рӯ буғи об имкон намедиҳад ҳарорати хок ва дарахтон поин равад;

Чӣ гуна бояд чорворо аз сардиҳои шадид ҳифз кард? Чанд тавсия барои чорвопарварон

Зимстони имсола хеле сард омад. Барфҳои шадид, шамоли сахт, яхбандиҳо моро бештар аз ҳар вақти дигар дилгир карданд. Набояд фаромӯш кард, ки сармо ба одамон ва ҳайвонот таъсири якхела дорад. Он ки як ҳайвон нисбат ба дигаре тобовартар дар сардиҳост, кашфиёти нав нест. Вале ғамхории инсон ба ҳайвонот ва бахусус чорвои хонагӣ як амри маъмул аст ва бояд ҳамеша бошад.

Страницы