Наҷотдиҳандагон дари оҳании манзили истиқоматиеро боз карданд, ки тифли сесола танҳо монда буд

Дар давоми 24 соати охир дар кишвари мо ягон ходисаи табий ба кайд гирифта нашудааст. Сарфи назар аз ин, воҳидҳои наҷоти КҲФ пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои расонидани кумак ба аҳолӣ омодаанд.

27 марти соли 2024, соати 14:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, бинои 10/1 дари оҳанӣ баста шудааст ва соҳиби хона наметавонад вориди он шавад. Ин зан гуфт, ки дар дохили хона духтарчаи сесолааш танҳо мондааст.

Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда буданд, ба хулосае омаданд, ки тарзе бояд дарро боз кунанд, ки кӯдак натарсад, коре бояд кард, ки даркушоӣ боиси ҳаросу мушкили равонии тифл нашавад.  Онҳо аз тиреза вориди манзили истиқоматӣ шуданд ва дарро беосеб аз дохил боз карданд.

Духтарчаи сесола ба ҳеч ёрии тиббӣ ниёз надошт.

Имдодгарон бо модари ин кӯдак дар бораи ҳодисаҳои эҳтимолии танҳо мондани кфарзандони ноболиғ, бахусус тифлон суҳбат карданд.