Activities calendar

23 марти 2024

Селу сангрезиш, ярч ва болоравии оби дарёҳо. Хатароте, ки боронҳои шадиди ду рӯзи гузашта доштанд

Боронҳои пуршиддати рӯзҳои Наврӯз дар баъзе манотиқи кишвар асароти худро гузошт. Ҷойе сел омад, ҷойе сатҳи оби рӯдхонаҳоро баланд кард, ҷойе пулҳоро муддате барои ҳаракати мошинҳо номумкин кард.

Хушбахтона, ин ҳама бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар буд.

Мухтасари ин рӯйдодҳо:

Ду ҳодисаи дарёфти ҷасад дар Турсунзода. Яке духтари 17-сола, ки худкушӣ кардааст, дуюми зани 66-сола

21 марти соли 2024 тахминан соати 04:30 дақиқа як духтари 17-солаи сокини ҷамоати Қаратоғи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо кадом сабаби номаълуме худро ба оби дарё ҳаво додаву ғарқ шудааст.

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳи Турсунзода ва бахши ноҳияи Шаҳринав фавран даст ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ заданд.