Activities calendar

27 марти 2024

Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони пойтахт, меҳмонон ва ширкаткунандагони ҳамоиши наврӯзӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро    бори дигар ба муносибати куҳантарин ва бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯз, ҷашни баҳор ва эҳёи табиат самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарсабзии баҳорӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.