Роҳандозии корҳои таблиғотии мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои шаҳри Душанбе

Бо мақсади амалӣ намудани «Нақшаи чорабиниҳои КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024» дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар моҳҳои апрел ва майи соли 2024 гузаронидани рӯзҳои (машқҳои) мудофиаи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои татбиқи амалии ин нақша Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи корӣ созмон дод.

Моҳи марти соли 2024 дар шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ дар чор ноҳияи пойтахт корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабиниҳо масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва риояи қатъии дастуру супоришҳои омӯзгорону донишҷӯён ҳангоми машқҳои мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба ҳамаи иштирокчиён буклетҳо ва брошюраҳое, ки аз ҷониби мутахассисони Кумита омода карда шудаанд, тақдим карда шуданд.