Табрикоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бахшида ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати иди баҳор – ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният мегӯянд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Наврӯз иброз доштаанд, ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Ба муносибати ҷашни Наврӯзи фархундапай, ки ҳамзамон, Соли Нави миллиамон мебошад, бароятон саломатӣ, умри дароз, комёбиҳои беназир, дастовардҳои касбӣ ва барои Тоҷикистони азизамон фазои хурраму обод ва пешравиҳои нав ба навро орзумандем.

Наврӯз муборак!

барчасп: