Заминларзаи соати 12:26 дақиқаи имрӯз

18 марти соли 2024 соати 12:26 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар заминларза сабт шуд. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.

Маркази заминларза 27 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва 57 километрии ҷануби Роғун буд.

Қувваи он дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Роғун 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

барчасп: