Заминларзаи субҳи имрӯз. Бе талофоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 18 марти соли равон соати 07:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба маълумоти манбаъ маркази заминларза 148 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 66 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт буд. 

Қувваи ин заминҷунбӣ дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Бино ба гузориши расида ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорот дигар надошт.

барчасп: