Кӯдаконро аз газ эҳтиёт кунед!!!

Замоне расидааст, ки атфол дар пайдо кардани василаҳои кайфовару роҳатдиҳанда имконоти бештар доранд. Ҳоло агар барои бачаҳои кӯча, онҳое, ки ба нишастҳои нишотовари дастаҷамъӣ хуш доранд, агар василаҳои дилхӯшии дигар, аз қабили истифода аз моддаҳои мухталифи  нашъаовар душвор аст, василаҳои дастрастарро истифода мекунанд. Ва яке аз он нафас гирифтан аз бӯи газҳои гуногунест, ки дар оташдиҳандаҳо (зажигалка) ба хотири эҷоди оташ аз газ пур карда шудаанд. Ин гуна абзорҳои оташдиҳанда дар мағозаҳо озод фурӯхта мешаванд ва акнун наврасон барои худкушии худ аз трендҳои нав истифода мекунанд, трендҳое, ки онро худ кашф кардаанд ва ё калонсолтарон тавсия додаву роҳи осонтари расидан ба ҳадафро барояшон гуфтаанд. 

Дар Тоҷикистон ҳанӯз шояд ин раванд мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст ва мо намедонем, ки оё наврасон дар кишвари мо ҳам аз он истифода мекунанд ё на. Вале он ки ин падида зараровартарин ва марговартарин аст, аз касе пӯшида нест.

«Сниффинг» - номи як раванди нафас кашидан аз бӯйи газ аз тариқи ҳамон оташгиронҳои (фандакҳо) газист. Маъмулан дар ин фандакҳо омехтаҳои моеъи газҳои метан-пропан-бутан ҷо дода мешаванд. Марг бар асари нафас кашидан аз ин абзорҳо мисли заҳролуд шудан аз газ сурат мегирад. Дар асл ин ҳамон нарасидани оксиген, яъне гипоксия - коҳиши оксигенрасонӣ ба организм ё бофтҳои бадан аст ва муҳимтарин аломати он кабудӣ дар лаб ва ангуштони дасту по мебошад.  “Хуни моеъи тираи холӣ аз оксиген, хунрезиҳои кучак дар зери плевраи шуш ва ғайра”, - менависанд патологоанатомҳо.

Аммо кӯдакон онро на ба хотири худкушӣ, балки маъмулан барои “танҳо чашидани он” истифода мекунанд, вале мутаассифона,  мемиранд. 

 

Шарҳи илмии ин рӯйдод. Чаро чунин аст?

Ҳангоми нафас кашидан аз омехта аз ин ё он абзори газдор, бахусус оташдиҳандаҳои газ қатраҳои бутан бевосита ба шуш мераванд ва дар ин ҳоли афзудани гармӣ организм ба ҳолати газӣ табдил мешавад ва васеъ мегардад. Ҳангоми ба газ табдил шудан ҳаҷми бутан 250-300 баробар меафзояд. Дар воқеъ ҳам як қатра бутан метавонад ҳаворо дар шуши одам ба танг орад ва аз он хориҷ созад. Ва якчанд қатра барои инсон, бахусус афроди ноболиғ марговар аст. Ҷигар васеъ мешавад, рагҳои кӯчак пора мешаванд, хун ва плазма ба холигоҳи бронхҳо мегардад, аз роҳи нафас кафк хориҷ мешавад. 

Одам девонавор кӯшиш мекунад бо даҳони боз нафас бикашад, пӯст, бахусус пӯсти рӯй  ранги обӣ ба худ мегирад ва рагҳои хунӣ баръало намоён мешаванд. Инсон саросемавор ба атроф медавад, гулӯяшро гирифта пӯсташро мехарошад. Мардумакҳои чашмонаш боз мешаванд, билофосила қабл аз марг рагкашӣ, азҳушравӣ, пешоби маҷбурӣ ва ҳоҷат ба амал меояд. 

Ин навъи заҳролуд шудан бо газ атрофиёнро ба ваҳшат меорад, тарс бар онҳо ғалаба мекунад ва дар чунин ҳолат маъмулан атрофиён, бахусус “дӯстон” фирор мекунанд ва шахси заҳролудшуда тани танҳо мемонад.

 Консентратсияи хушбӯй ва иловаҳо дар шуш ҳангоми нафаскашии омехтаи газ назар ба меъёрҳои техникӣ хеле зиёд мешавад. Бӯйҳои сӯзовар ва таҳриккунанда боиси аксуламалҳои аллергӣ мешаванд ва секретсияи муҳофизатии луоб дар роҳи нафас боиси ташнагӣ ба оксиген мегардад. Дар ин ҳол ҳатто қатъи фаъолияти нафаскашӣ низ мушоҳида шудааст.

 Омехтаи газ дар бадани инсон комилан беасар аст, бар хилофи буғҳои маҳлулкунандаи органикӣ ва спиртҳо (атсетон, толуол, пропанол ва ғайра), дар хун ва дигар бофтаҳо пропан ва бутан дар ҳақиқат ба миқдори кам ворид мешавад. Аммо ҳамин миқдори кам ҳам барои рушди заҳролудшавӣ кофист.

Бутан ҳассосияти миокардро ба адреналин ва норадреналин зиёд мекунад ва ин боиси рушди аритмия мегардад. Зарбати қалб меафзод, “таконҳо” дар қафаси сина зиёд мешавад. Аритмия тарсу ҳаросро ба вуҷуд меорад, ки ба туфайли он адреналин фаъол мегардад ва мутаносибан вайроншавии ритм шиддат мегирад. Аз нарасидани оксиген ва ниёзи шадиди организм ба он заниши набзи дил меафзояд. Дар ин ҳолат одамони солхӯрда хеле зуд ба сакта гирифтор мешаванд. Ҷабрдида доду фиғон мекунад, ёрӣ мепурсад, наҷот мехоҳад, мардумаки чашмонаш васеъ мешаванд. Марг ё бар асари сакта ва ё боздошта шудани фаъолияти дил фаро мерасад. 

 

Чӣ гуна метавон ба ин гуна наврасон кумак кард?

Мутаассифона наврасоне, ки худро дӯстдорони “кайфи газӣ” меноманд, намедонанд, ки ин амалашон агар бори аввал ва ҳатто дуюм ва сеюм ҳам бетаъсири фоҷеавӣ гузарад, вале билохира онҳоро ба гӯр мебарад. Баъзе аз ин афрод ба ҳадде одат кардаву ба он вобаста шудаанд, ки дигар наметавонанд худро нигоҳ доранд. 

  • Агар шумо дар писар ё духтари худ нишонаҳои дар боло зикршударо мушоҳида кардед, аввал ҳамроҳаш суҳбат кунед, фаҳмед ва пурсед, ки ӯ чаро ин корро мекунад.
  • Бинед, ки амалаш ва оқибати онро дарк мекунад ва ё на. Оё барояш кумаке лозим аст? Барояш фаҳмонед, ки паёмади ин кораш чӣ хоҳад буд.
  • Дар марҳилаи аввал ӯро аз шариконаш бояд ҷудо кард. Вале агар вобастагӣ ба ин амал қавӣ шудааст ва дигар наметавон бо панду насиҳат ӯро аз роҳ баргардонд, пас ӯро ҳатман муолиҷа бояд кард. Духтури нарколог як давраи муолиҷавиро барои наврас таъин мекунад, доруҳо менависад.
  • Хеле муфид аст, ки бо равоншиносе иртибот гиред: ин ҳалатест, ки фарзанди шумо низ ба як дармон ва оғози роҳи нави зиндагӣ дорад, ӯро бояд дастгирӣ кард.
  • Хеле хуб мешавад зина ба зина ба ин наврас дар бораи моддае, ки истеъмол мекунад, зарарҳо ва оқибатҳои он маълумоти комилан фаҳмои илмӣ диҳед. Метавон бо расмҳо ҳатто видеоҳо паёмадҳои ин амали зарароварро нишон дод. 
  • Вале пуртаъсиртарин васила барои ӯ пайдо кардани алоқа ва фаъолиятҳои наве аст, ки ба писар ё духтари шумо кумак кунад эҳсосоти мусбатро дарёфт намояд ва ниёз ба худшиносиро дар замираш бедор кунад.

Мову шумо аз ояндаи фарзандонамон умедҳои фаровон дорем ва онҳоро аз тифли бо ҳамин умедҳо ба воя расондаем. Пас набояд гузошт, ки онҳо гирифтори шариконе гарданд, ки бероҳаву бангиву сигориву майпарастанд.

Фарзандонатон нури чашмони шумоянд, давоми умри шумоянд ва бояд дар ҳақашон ҳамеша ғамхорӣ кунед. 

 

Хабарҳои ин бахш  аз  сомонаи КҲФ бо истинода ба хабаргузориҳои олам истифода шуданд.

барчасп: