Ҳаводиси рӯзи гузашта. Сел дар Лаби Ҷар, резиши санг дар Айнӣ

Боришоти пуршиддат дар қаламрави кишвар сабаби офатҳои табиӣ шуд. Чунончӣ, 13 декабри соли равон тахминан соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ дар километри 39-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар, ки аз ҳудуди деҳаи Рубодноли ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор мегузарад, омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Барои бартараф кардани ҳолати ба миёномада кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид ва соати 15:07 роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуд, ҳаракати нақлиёт ба ду самт аз сар гирифта шуд.

Ин сел талафоти ҷониву хисорати дигар надошт. 

13 декабри соли 2023 соати 12:25 дар километри 19 роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷекат, ки аз  тариқи деҳаи Новдонак ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки ҳаракти мошинҳоро боздошт. 

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада кормандон ва техникаи Хадамоти роҳи Вазорати тақлиёд ҷалб шуд ва соати 15:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ роҳ аз ҳар гуна сангу рег тоза карда шуда, мошинҳо ба ду самт ба ҳаракат даромаданд.

Ин ҳодиса низ талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Кумита бо таваҷҷӯҳ ба эҳтимоли омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг, яхбандӣ дар роҳҳо бори дигар аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайругашт дар кӯҳҳо,ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ худдорӣ варзанд.  

барчасп: