Activities calendar

07 декабря 2023

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои олуда бо чангу ғубори рӯзи оянда

пыльная буря

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан  ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 8 декабри соли 2023 бар асари тағйири обу ҳаво ва омилҳои метеорологӣ дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ҳамчунин навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе  ҳавои олуда бо чангу хок дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ бо ширкати намояндагони нуҳ кишвари Осиё оғоз ба кор кард

7 декабри соли 2023 Ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» ба кори худ оғоз кард, ки дар он Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулдда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода бо...

Як бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Бахлӣ соҳиби таҷҳизоти тиббии нав шуд

Лоиҳаи имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд боис шуд, ки як бунгоҳи тибби дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон соҳитби таҷҳизоти нави тиббӣ шавад. 

6 декабри соли 2023 дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ ба бунгоҳи тиббии деҳаи Саноати ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон  таҷҳизоти тиббӣ интиқол дода шуд.