Activities calendar

25 декабря 2023

Ҳалокати ду тифли як хонадон дар оби канал ва роннадаи 32-сола дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳа ғарқ шудаву ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод.

Манбаъ сабаби ин ҳодисаро беназоратии волидон медонад.

Раёсати КҲФ дар Хатлон фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки рӯзе қабл доир шуда буд, муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти...