Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҷалби таваҷҷуҳи истироҳаткунандагони лагерҳои бачагонаи дараи Варзоб ба қоидаҳои бехатарӣ

Гуруҳе аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба истироҳатгоҳҳои бачагонаи дараи Варзоб рафтанд ва ба бошандагонаш дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳамсуҳбат шуданд, ҳамчунин наҷоти ғарқшудагони эҳтимолиро тамрин карданд.

Ин дидору мулоқотҳо дар доираи барномаи фарогири “Тобистони бехатар” амалӣ шуд ва  кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар лагерҳои истироҳатии “Зимчуруд”, “Шарора”, “Орзу”, “Гулхан”, ки дар дараи Варзоб ҷойгиранд, бо истироҳаткунандагони наврас мулоқот ва аз қоидаҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда суҳбат карданд. 

Ҳадафи аслии ин чорабинӣ ба кӯдакон беш аз ҳар вақти дигар бедор кардани ҳисси эҳсоси масъулият ба рафтору амали худ, боло бурдани донишҳо дар қоидаҳои бехатарӣ ва одати риояи ҳатмии онҳо буд.

Дар ҷараёни мулоқот кормнадони КҲФ бо бачаҳо суҳбатҳои пешгирикунанда гузарониданд ва бо роҳбарон ва кормандони лагерҳо мулоқот ва ҳамсуҳбат шуданд. 

Ба истироҳаткунандагон возеҳу рушан дар бораи қоидаҳои амал ҳангоми ҳодисаҳои фавқулодда, оид ба воситаҳои техникии муосир ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ маълумот доданд.

Диққати асосӣ дар ин дидору мулоқотҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳои оббозӣ равона карда шуд. Дар ин вохӯриҳо бачаҳо бо қоидаҳои оббозӣ, ҳузур дар соҳили ҳавзҳо ва рӯдхонаҳо шинос шуданд ва истифодаи воситаҳои наҷотро омӯхтанд. Кормандони КҲФ ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагон шеваҳои расонидани кӯмакҳои аввал ба ғарқшавандагонро тамрин карданд. 

Ин гуна чорабиниҳои пешгирикунанда, ки кормандони КҲФ ва воҳидҳои он мегузаронанд, имкон медиҳанд, ки насли наврас донишҳои заруриро дар бораи қоидаҳои будубош дар маҳалҳои осебпазир, аз ҷумла ҳавзҳои оббозӣ, соҳили рӯдхонаву обанборҳо омӯзанд ва таваҷҷуҳашон бештар ба корҳои наҷот ҷалб шавад.