Activities calendar

20 июли 2017

Наҷоти 76 нафар дар ним сол аз ҳодисаҳои фавқулодда

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 бар асари роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ ҷони 76 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Аз ҷумла, дар зимистони сарди гузашта 24 нафар аз зери тарма, 13 тани дигар аз об, 10 нафар аз садамаҳои нақлиётӣ

Дар ним сол дар Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулодда ба қайд гирифта шуд

Таҳлили натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон медиҳад, ки зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст. Аз ҷумла, 15 ҳодиса лағзиши тарма, 17 мавриди резиши санг ва нуҳ ҳодисаи сели харобиавар.