Activities calendar

03 июли 2017

Дар Челябинск бар асари чаппа шудани як қоиқ ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд

Дар вилояти Челябински Русия бар асари чаппа шудани қаиқ ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта  мешавад, ки дар киштӣ 9 нафар савор буданд: як марди бузургсол ва 8 кӯдак.
Дар натиҷа он мард, чор кӯдак ва ду касе, ки қасди наҷоти онҳо доштанд, ҳалок шуданд. 
Гуфта мешавад, ки ду нафар аз ҷумлаи ҳалокшудагон ҳангоми ин ҳодиса дар соҳил қарор доштанд ва талош карданд, ғарқшудагонро наҷот диҳанд.